LIVE

"Байер" бо ҳамлагари эронӣ шартнома баст

Сомонаи расмии ФК «Байер» аз бастани қарордод бо ҳамлагари «Зенит»-и Санкт-Петербург Сердар Азмун хабар дод.
Футболбози эронӣ тобистони соли оянда ба бошгоҳи олмонӣ мегузарад ва нимаи дуюми мавсими ҷориро дар тими Русия ба анҷом мерасонад.  Шартномаи футболбози 27-сола бо “Байер” то соли 2027 эътибор дорад.
 Дар ҳайати «Зенит» форвард дар 79 бозӣ 52 гол задааст.  Бо клуби Санкт-Петербург Сердар шаш унвони қаҳрамониро  ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив