LIVE

"Ювентус" ҷойгузини Кйезаро аллакай ёфт

«Ювентус»-и Турин ба ҳамлагари эронии «Зенит»-и Санкт-Петербург Сардор Озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, хабар медиҳад сомонаи хабарнигор Ҷанлука Ди Марсио.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи итолиёвӣ ба далели ҷароҳати вазнини Федерико Кйеса, ки тақрибан шаш моҳ аз майдон дур мемонад, дар хати ҳамла як бозигар ҷустуҷӯ мекунад. Сармураббии «Ювентус» Массимилиано Аллегри исрор меварзад, ки футболбози эрониро мехарад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Озмун ба маблағи 4-5 миллион евро ба "Лион"  гузаштанист.

Дар мавсими ҷорӣ Озмуни 27-сола дар ҳайати «Зенит» 21 бозӣ карда, 10 гол ва 4 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив