LIVE

“Боруссия” ба Сардор Озмун таваҷҷуҳ дорад

Ҳамлавари эронии дастаи “Зенит” – и Санкт-Петербург Сардор Озмун мавриди таваҷҷуҳи бошгоҳи олмонии “Боруссия” – и шаҳри Дортмунд қарор гирифтааст. Бошгоҳи олмонӣ барои ин футболбози 26 – сола аллакай дархост пешниҳод намудааст. Дар ин бора журналисти машҳури футбол Николо Скира хабар додааст. Аз таваҷҷуҳи бошгоҳи олмонӣ аз моҳи январ аллакай хабар дода буданд. Он вақт хабарҳо оиди нархи трансферии Озмун ба миқдори 20 миллион евро тахмин мезаданд. 

Дар мавсими имсолаи чемпионати Россия, Сардор Озмун дар 23 бозӣ, 19 голро ба самар расонида, ҳамзамон 2 партоби головарро анҷом додааст. Ӯ дар рӯйхати голзанҳои беҳтарини чемпионати Россия дар садри ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив