LIVE

Сон Хин Мин беҳтарин футболбози Осиё

Шабакаи телевизионии Fox Sports Asia дар сомонаи расмии хеш исми беҳтарин футболбози қораи Осиёро дар соли 2020-ро эълон кард. Беҳтарин футболбози Осиё ин ҳамлагари 28-солаи тими "Тоттенхэм Хотспур"-и Англия  ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Сон Хин Мин дониста шуд. Сон соҳиби 286 имтиёз гардид, ки 35 дарсади маҷмуи овозҳоро ташкил медиҳад.  Футболбози кореягӣ соли чорум аст, ки дар ин номинатсия ғолиб мегардад. Ҷои дуввумро ҳамлагари эронии бошгоҳи "Зенит"-и Россия Сардор Озмун ишғол кард. Озмун соҳиби 89% овоз гардидааст. Ҷуниор  Неграои бразилӣ ҳамлавари дастаи   "Улсан"-и Кореяи Ҷанубӣ бо 83% дар мақоми 3-юм қарор гирифт. Дар овоздиҳӣ нашрияҳои варзидаи қитъаи Осиё ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷоиза бо ҷоизаи “беҳтарин футболбози  Осиё", ки аз ҷониби КФО муайян мегардад, рабте надорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив