LIVE

Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар финали қаҳрамонии Осиё

Дастаҳои мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба финали қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки дар Тайланд ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.
Дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 22-юми январ дар Тайланд баргузор шуданд, мунтахаби Арабистони Саудӣ бар дастаи Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ва Кореяи Ҷанубӣ бар Австралия бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.
Дар финали қаҳрамонии Осиё (U-23) рӯзи якшанбеи 26-уми январ дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ рақобат мекунанд.
Як рӯз пеш аз финал - 25-уми январ бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Узбекистон баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) дар Тайланд ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф хоҳанд шуд. Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ, ки ба финал баромаданд, ба Токио мераванд. Барои ба даст овардани роҳхати севум тимҳои мунтахаби Австралия ва Узбекистон талош меварзанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки моҳи марти соли гузашта дар Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб доир гардид, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ бенасиб монд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.
Қаҳрамонии футболи Осиё (U-23)
1/4 финал
18-уми январ (шанбе)
Арабистони Саудӣ - Тайланд - 1:0
Австралия - Сурия - 1:0
19-уми январ (якшанбе)
Узбекистон - Иморот - 5:1
Кореяи Ҷанубӣ - Урдун - 2:1
Нимфинал
22-юми январ (чоршанбе)
Арабистони Саудӣ – Узбекистон – 1:0
Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 2:0
Бозӣ барои ҷойи севум
25-уми январ (шанбе)
Австралия - Узбекистон
Финал
26-уми январ (якшанбе)
Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ
Бознашр аз «Радиои Озодӣ», Назруллоҳ Латипов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив