LIVE

"Челси" дар талоши ситораи белгиявии Серияи А

The Guardian  аз Британия дар хусуси тақдири баъдинаи туъмаи эҳтимолии тими Лемпард чунин менависад:  "Наполи" бо Мертенс шартномаи нав дуруст кардааст", – пештар бошад худи ҳамин бошгоҳ дар фикри бар ивази ин белгиявӣ харидорӣ намудани Сардор Озмун шуда буд. 
Чӣ тавре The Guardian мегӯяд, Дрис баЧелси ваИнтер ҷавоби рад додааст – тими Антонио Конте бошад ӯро бо маоши  190 ҳазор евро дар як ҳафта зери сайд гирифтанӣ буд, аммо Мертенс мондан дар Неаполро ихтиёр намудааст.
Партенопейҳо бошад ба ӯ танҳо 155 ҳазор евро дар як ҳафта пардохт мекунанд, вале бо вуҷуди ин бозингар барои имзоикунии шартномаи нав ҷубронпулии якдафъина дар ҳаҷми 2,45 млн евро ба даст меорад.
Ба "Наполи" бошад Мертенс соли 2013 гузариш намуда, аз ҳамон даврон  90 гол дар Серияи А ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив