LIVE

Ба "Челси" Дрогбаи нав меояд

Бино ба иттилоъи расонаҳо "Челси" Уилфрид Захаро хариданӣ аст.  Лондониҳо таҳримотҳои трансфериро паси сар карда бо эҳтимолияти зиёд метавон гуфт,ки дар ҳамин зимистон бозингарони нав ба даст меоранд. Мақсади аввалияи “кабудҳо” Вилфрид Заха буда, "Кристал Пэлас"  бошад ин бозингари 27-соларо 80 миллион евро  нарх кардааст.  Аммо “ашрофзодаҳо” ният кардаанд,ки нархи Захаро каме поин фароранд. Кристал Пэлас бошад дар навбати худ бар ивази Вилфрид Заха Сардор Озмунро аз Зенит даъват карданист. Нақшаи дигари трансферии “Челси” бошад ситораи “Лион” Мусо Дембеле мебошад.  Аз рӯи овозаҳо маҳз дар ҳамин бозингар Френк Лемпард Дрогбаи навро мебинад. “Лион” албатта,ки ба тақдир тан надода, бар ивази Дембеле Марианои номуваффақ дар “Реал”-ро бозпас оварданист. Вале ростӣ то ҳол “Лион” як пешниҳоди 40 миллиона аз Лондонро рад намуд. Агар Дембелеро харида натавонад, Челси кушиш ба харҷ медиҳад,ки то ҳамлавари ССКА Федор Чаловро харидорӣ намояд. Нафаре,ки 23 миллион евро арзиш пайдо намудааст. Як бозингари нави эҳтимолии Челси ин ҳимоягари "Лестер" Бен Чилвел мебошад,ки аз барои ин бозингар ҳамчунин “Манчестер Сити” дар мубориза аст. “Рубаҳон” аз барои футболбози хеш 60 миллион евро мехоҳанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив