LIVE

Мехоҳед суруди эҷодкардаи Шумо дар ҳамаи майдонҳои Тоҷикистон садо диҳад?


Лигаи футболи Тоҷикистон  барои дарёфт ва интихоби гимни мусобиқоти миллии футбол озмун эълон мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Суруди вижаи футбол ҳангоми ба майдон омaдани дастаҳои Лигаи олӣ, лигаи аввал, мусобиқаи ҷавонон, Ҷоми кишвар, Суперҷом ва Ҷоми ФФТ садо дода мешавад. Дар озмун оҳангсозони касбӣ, худфаъолияткунанда ва мусиқинавозон метавонанд иштирок намоянд. Гимни беҳтарин, аз сӯи ҳайати ҳакамон интихоб мешавад. Муаллиф бо маблағи пулии 10 000 сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Суруд дар ҳаҷми то 3 дақиқа қабул мешавад. Муалифон худашон оҳанг ва матни гимнро муаррифӣ менамоянд. Муҳлати охирини дархост то 20 август эълон шудааст. Барои иттилоъи бештар метавонед ба рақамҳои: 903-33-44-16 ва ё 44-600-20-36 дар тамос шавед.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив