LIVE

Ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллии кишвар дар мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019», ки аз 7-ум то 19-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Аҳмадободи кишвари Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид. Дар мусобиқоти мазкур ширкати яккачинҳои Сурия, Кореяи Шимолӣ ва мизбони ин чорабинӣ тими Ҳиндустон низ дар назар аст. Нахустин бозии худро шогирдони Усмон Тошев дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» рӯзи 7-уми июл бар зидди тими Ҳиндустон баргузор мекунанд. Дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кореяи Шимолӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии ниҳоии хешро мунтахаби кишвар санаи 15-уми июл бо дастаи Сурия доир менамояд. Мусобиқа дар системаи даврӣ баргузор шуда, дар як давр ҳар як мунтахаб байни ҳамдигар бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр рӯзи 19-уми июл ду дастаи беҳтарин дар финал вомехӯранд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи “ЕКА Arena”-и шаҳри Аҳмадобод соати 19:30 бо вақти Душанбе баргузор мешаванд. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадобод
Даври 1-ум
7 июл (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН
8 июл (душанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
Сурия – Кореяи Шимолӣ
Даври 2-юм
10 июл (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
ТОҶИКИСТОН – Сурия
13 июл (шанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ
Даври 3-юм
15 июл (душанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН
16 июл (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30
Ҳиндустон – Сурия
 Финал
19 июл (ҷумъа)
Оғози бозӣ соати 19:30
Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе баргузор мешаванд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив