LIVE

"Лион" ҷойгузини Депайро пайдо намуд

«Лион» барои харидани Сардор Озмун ба дастаи «Зенит» пешниҳод намудааст, хабар медиҳад L'Equipe.

Бошгоҳи фаронсавӣ мехоҳад бозигари эрониро бо нархи 11 млн евро ба даст биёрад. Аз ин зиёд пешниҳод карда наметавонад, чунки маҷбур мешавад,   Уссема Ауар ва Максвелл Корнеро фурӯшад. 

Пештар хабарҳо паҳн шуда буданд, ки Озмун худаш хоҳиши ба Фаронса рафтанро дорад. «Зенит» ҳамлагарашро 20 млн евро баҳо медиҳад. Ба бозигари эронӣ боз дастаҳое ба монанди «Наполи», «Латсио», «Рома», «Фенербахче», «Вилярреал», «Байер» ва «Интер» низ мароқ зоҳир кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив