LIVE

Беҳтарин футболбози ҷавон ба "Зенит" мегузарад

Ниммуҳофизатгари  "Локомотив" Кирилл Шетинин, ки соли 2018  унвони Беҳтарин футболбози ҷавон  “Маскав-2018”  дар байни бозигарони 16 сола соҳид шуда буд, ба "Зенит" мегузарад. Футболбоз бо дастаи Санкт-Петербург шартномаи се сола мебандад. Тафсилоти бештари гузариш маълум нашудааст. Шетинини 17-сола дастпарвари бошгоҳи "Локомотив" аст. Дар ин мавсим, ӯ  дар ҳафт бозии чемпионати ҷавонони Русия ширкат варзид (чаҳор маротиба дар ҳайати асосӣ), ки дар он муаллифи як голи задашуда гардид ва инчунин як корти зард низ гирифт.
Пас аз ҳафт давр, "Локомотив", ки 16 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷадвали чемпионати ҷавонони Русия пешсаф аст. Зенит ( бо 15 имтиёз) - дар ҷои 2-юм.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив