LIVE

Талоши «Латсио» ва «Кристал Пэлас» барои ҳамлагари эронӣ

Ҳамлагари тими «Зенит» Сардор Азмун таваҷҷуҳи тимҳои футболи «Латсио»-и Италия ва «Кристал Пэлас»-и Англияро ба худ ҷалб сохтааст. Футболбози 25 солаи мунтахаби Эрон дар бозори гузариш накамтар аз 30 млн € баҳогузорӣ шудааст. Азмун аз моҳи феврали соли 2019 дар ҳайати тими «Зенит» бозӣ меканад. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар 18 вохӯрии ПЛР ба задани 7 гол даст ёфтааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив