LIVE

"Латсио" барои нажодпарастии мухлисонаш ҷазо гирифт

Дастаи футболи "Латсио"-и Италия аз ҷониби Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) ҷазо дода шуд. Кумитаи интизомии ин созмони бонуфузи аврупоӣ баъди баррасии ҳодисаи ба амал омада, дар вохӯрии дастаҳои "Латсио" ва "Ренн", ки 3-юми октябр дар варзишгоҳи "Олмипи"-и Рим баргузор шуд, ба хулосае омад, ки дар дидори навбатӣ бо дастаи "Селтик" (7 ноябр) бе иштироки ҳаводорони бошгоҳи "Латсио" гузаронида шавад. Акнун дар сектори гуруҳи ҳаводорони "Латсио" навиштаҷоти махсуси УЕФА #Egua1Game гузошта мешавад. Ёдовар мешавем, ки пас аз бозии мазкур як гуруҳ ҳаводорони бошгоҳи итолявӣ барои рафтори нажодпарастӣ айбдор карда шуданд. Эҳтимол меравад, ки муҳлати ин ҷазо як солро дар бар гирад ва дар сурати такрори он даста бо маблағи 20 000 € ҷарима карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив