LIVE

Куман сабаби рафтани Суарес ва сӯҳбат бо Мессиро шарҳ дод

Сармураббии “Барселона” Роналд Куман сабабҳои ҷудошавӣ бо ҳамлагари 33-солаи Уругвай Луис Суаресро, ки ба “Атлетико” - Мадрид рафт ва инчунин дар бораи сӯҳбат бо ситораи асосии даста Лионел Месси ҳарф зад.
“Суарес хуб тамрин кард ва хуб кор кард. Дар ниҳоят, ӯ қарори рафтанро қабул кард, аммо ман ба ӯ гуфтам: "Агар шумо “Барселона”-ро тарк накунед, пас дар ҳайати даста боқӣ хоҳед монд ва исбот карда метавонед, ки нисбати шумо қарори нодуруст баровардаам".
Ман бо ӯ муносибати хуб дорам, аммо клуб ҳайатро ҷавон кардан хост. Ҳоло инро дар даста дидан мумкин аст. Ансу Фати 17-сола аст. Боз Педри дорем, ки он ҳам 17-сола аст, ки шонси худро ба даст меорад. Роналд Арауо дар синни 21-солагӣ. Тринкао, ки 20 сол дорад ва мо низ Сержино Дестаро дар синни 19-солагӣ харидем. Онҳо ҳама футболбозони ояндаи “Барселона” мебошанд.
Куман қайд кард, ки ӯ ноумедии Лионел Мессиро мефаҳмад ва гуфт, ки ин вазъро бо ӯ баррасӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив