LIVE

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими «Бухоро» бозии рафиқона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия идома медиҳад.

Рӯзи 27-уми январ дастаи ҷавонони мо дувумин вохӯриии санҷишии худро дар ҷамъомади тамринии Анталия баргузор мекунад. Шогирдони Олег Кубарев ин дафъа бо бошгоҳи «Бухоро», ки онро сармураббии собиқи тими миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов роҳбарӣ мекунад, бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Қаблан дар дидори аввал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ натиҷаро мусовӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив