LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-20) аз ҳамсолони турки худ ноком шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади дуҳафтаинаи тамриниро дар Анталия анҷом дод ва дар он панҷ бозии санҷишӣ баргузор кард.

22 феврал мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Туркия бозии дӯстона анҷом дод. Вохӯрӣ бо ғалабаи футболбозони турк бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт. Голи ягонаро дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Шарифов зад.

Ба ин тартиб, дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия дастаи Аҳлиддин Турдиев панҷ бозӣ анҷом дод. Аз ин пеш ҷавонони мо бо дастаи «Ворскла»-и Украина (0:0), «Фремад Амагер»-и Дания (2:1), инчунин дастаҳои эҳтиётии «Чертаново»-и Москва (2:0)  ва «Криля Советов» (3:0) бозӣ карда буданд.

Бозии дӯстона
Туркия (U-20) – ТОҶИКИСТОН (U-20) – 3:1

Голҳо: Инан Мирхан, 20 (1:0). Абдулло Шоҳиндере, 30 (2:0). Тугбей Акгюн, 36 (3:0). Абдулло Шарифов, 40 (3:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив