LIVE

Лионел Месси беҳтарин бозигари дидори ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон гардид

Ҳамлагари тими Аргентина Лионел Месси беҳтарин бозигари финали Ҷоми ҷаҳонии футбол бо Фаронса дониста шуд. Вақти асосӣ мусовӣ - 2:2 анҷом ёфт, дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаҳои ҳамдигар боз як голии дигар заданд.

Месси аввалин унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Барои бозигари «Пари Сен-Жермен» ин қаҳрамонии ҷаҳон панҷумин мусобиқаи касбиаш буд. Месси дар соли 2014 ба ин ҷоиза наздик буд, аммо Аргентина дар финал аз Олмон мағлуб шуд.

Лионел Месси барандаи ҳафткаратаи "Тӯби тиллоӣ" аст.

Мунтахаби Аргентина бори сеюм дар мусобиқа қаҳрамон шуд. Аз рӯи ин нишондод дастаҳои Фаронса ва Уругвайро, ки ду пирӯзӣ ба даст овардааст, канор гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив