LIVE

Аргентина бори сеюм дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар баргузор шуд, ки дар он тими миллии Аргентина дар зарбаҳои пеналтӣ бар Фаронса пирӯз шуд.

Дар дақиқаи 23-юм Лионел Месси зарбаи 11-метраро ба самар расонд. Дар дақиқаи 36-ум Аргентина ба шарофати голи Анхел Ди Мария пешсафиашро мустаҳкам кард.
Муддати тӯлонӣ ҳисоб бетағйир монд, аммо дар дақиқаи 80-ум Килиан Мбаппе ЗАРБАИ 11 метра зад ва ҳисоб тағйир ёфт. Пас аз ду дақиқа Мбаппе ҳисобро баробар кард.

Дар вақти иловагӣ Месси ва Мбаппе боз як голии дигар зада ҳисобро 3 бар 3 намуданд. Дар вақти иҷрои зарбаҳои 11 метра Аргентина ба ғалаба даст ёфт.

Next Post

Комментарии 1

Саидов Хилолшох
Саидов Хилолшох от 18 декабря 2022 23:20
Ма мухлиси месси бдм франсия ра чарасша бровад ба бозингарои аргентина рахмат хусусан месси ки шохи футбол аст

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив