LIVE

Хорватия Бразилияро ба хона гусел намуд.

Мунтахаби Хорватия дар иҷрои зарбаҳои 11 метраи пас аз бозӣ, яке аз довталабони асосии Чемпионати Ҷаҳон - Бразилияро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад.

Вохӯрӣ 120 дақиқа идома кард, ки дастаҳо дар дақиқаҳои иловагӣ ба задани гол даст ёфтанд.

Дар охири вақти иловагӣ (105) Неймар ҳисобро боз кард.

Бруно Петкович дар дақиқаи 117-ум ҳисобро баробар кард.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳон Хорватия бо ғолиби ҷуфти Аргентина – Ҳолланд, вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоӣ низ Хорватия бар Ҷопон тавассути иҷрои зарбаи 11 метра ғолиб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив