LIVE

Месси ва Неймар дар финали Ҷоми Амрико

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Амрико Аргентина Колумбияро мағлуб кард ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар иҷрои зарбаҳои пеналтӣ (3:2) Аргентина муваффақ гардид.
Дар дақиқаи 7-ум Лаутаро Мартинес голи нахустинро ба дарвозаи Колумбия зад. Луис Диас дар дақиқаи 61-ум ҳисобро баробар намуд. Вақти асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метраи пас аз бозӣ футболбозони Аргентина дақиқтар буданд.
Дар финали Ҷоми Амрико дастаи мунтахаби Аргентина бо Бразилия вомехӯрад. Ёдовар мешавем, ки Аргентина дар таърихи худ 14 маротиба Ҷоми Амрикоро ба даст овардааст. Бразилия бошад, 9 маротиба Ҷоми Амрикоро болои сар бардоштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив