LIVE

Неймар: Мехоҳам дар финал бо Аргентина бозӣ кунам


Ҳамлагари мунтахаби Бразилия Неймар гуфт, ки мехоҳад бо кӣ дар даври ниҳоии Ҷоми Амрико бозӣ кунад. Бо боварии комил низ гуфтааст, ки дар финал мо ғолиб мешавем.

«Ман мехоҳам дар финал бо Аргентина бозӣ кунам, чунки дар он тим дӯстони ман ҳастанд. Бразилия бар онҳо ғалаба мекунад», - иқтибос меорад суханҳои Неймарро AmericaTV.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Амрико мунтахаби Бразилия бар Перу бо ҳисоби 1:0 ғалаба намуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Голи ягонаи бразилиягиҳоро Лукас Пакета дар дақиқаи 35-уми дидор ба самар расонид.

Рақиби Бразилия дар даври ниҳоӣ баъди бозии Аргентина ва Колумбия муайян хоҳад шуд. Бозӣ 7-уми июл соати 6:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив