LIVE

Харватия дарвозаи Канадаро голборон кард.

Бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар миёни дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Канада бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди финалистони Ҷоми Ҷаҳони гузашта хамт шуд.

Канада зуд пешсаф шуд, ки дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ Алфонсо Дэвис дар ин бозӣ ҳисобро боз кард.

Мунтахаби Хорватия танҳо дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ тавонист ҳисобро баробар кунад – Андрей Крамарич пас аз интиқоли Иван Перишич гол зад.
Дар дақиқаи 44-ум ба Марко Ливая муяссар шуд, ки Хорватияро ба пеш оварад, ки ба он Йосип Юранович кумак кард.

Дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ Андрей Крамарич дубл кард. Дар дақиқаи 90+4-ум Ловро Майер натиҷаи ниҳоии бозиро бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи Хорватияро муайян кард.

Бо ин пирӯзӣ Хорватия 4 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи аввали гурӯҳи F баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив