LIVE

Мбаппе:"Месси дар ПСЖ пеналтиро иҷро мекунад.Вай беҳтарин бозигари ҷаҳон аст"

Ҳамлагари "ПСЖ" Килиан Мбаппе ба саволи он ки чаро  аввалин зарбаи ҷаримавиро дар бозӣ бо "Лейптсиг" дар Лигаи чемпионҳо (3:2) Лионел Месси зад, посух дод.

“Ҳеҷ гап не, ин ҳама эҳтиром аст. Вай беҳтарин бозигари ҷаҳон аст. Агар пеналтӣ бошад, вай онро мезанад, халос. 

Дар ҷаримаи дуввум ӯ ба ман гуфт: "Ту зан". Ин анҷоми бозӣ буд, ӯ ба ман пеналтиро дод ва ман онро иҷро кардам", - гуфт Мбаппе ба L'Équipe.

Месси дар дақиқаи 74 -уми бозӣ пеналтӣ зада, ҳисобро 3:2 кард. Дар дақиқаи 2-юми иловашуда Мбаппе аз зарбаи ҷаримавии 11 метра гол зада натавонист. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив