LIVE

Пеле ба Мбаппе чӣ гуфт?

Шоҳи футбол - Пелеи бразилӣ баъди иҷро карда натавонистани зарбаи ҷаримавӣ аз ҷониби Килиан Мбаппе дар бозӣ муқобили Швейтсария ба ӯ хитоб карда гуфт:
“Саратро дор, Килиан! Пагоҳ рӯзи аввали сайёҳати нават шуруъ мешавад”, - навиштааст Пеле дар саҳифаи твиттери худ.
Лозим ба ёдоварист, ки дар даври 1/8 ниҳоии Евро-2020 мунтахаби Фаронса бо Швейтсария қувваозмоӣ кард. Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Зарбаҳои ҷаримавии ёздаҳметра бо ҳисоби 5:4 ба нафъи Швейтсариягиҳо хотима ёфт. Аз мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе натавонист зарбаи ёздаҳметраро ба гол табдил диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив