LIVE

Мбаппе пешниҳоди нави «ПСЖ»-ро рад кард

Ба итилои Cadena SER, парижиҳо ба Килиан Мбаппе маоши “астрономӣ” - 26 миллион Евро солона пешниҳод намуданд - ин ду баробар аз даромади ҳозирааш барзиёд мебошад. Аммо ӯ ва оилааш мехоҳанд, ки Килиан корномаи худро дар «Реал»-и Мадрид идома диҳад.

Билохира агар Килиан Парижро тарк карда натавонад, ӯ тасмим дорад аз ПСЖ маоши ҳаҷман баробар ба гаронмуздтарин бозингари ин тим Неймарро (36 млн. Евро дар як сол) ба даст орад.

Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки парижиҳо ният доранд, ки унвондории асоситарин чеҳраи бошгоҳиро ба Мбаппе нисбат диҳанд, вале чунин хоҳишҳо дар нақшаҳои дорандаи рақами 7-и гранди парижӣ вуҷуд надорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив