LIVE

Қаҳрамонҳои ҷаҳон аз Евро-2020 берун шуданд

28 июн ду бозии даври 1/8 финалии Чемпионати Аврупо - 2020 баргузор гардид, ки дар натиҷа ду даста ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар бозии аввали рӯз тими миллии Испания яккачини Хорватияро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Паркен"-и Копенгаген (Дания) баргузор шуд ва бо ҳисоби 5:3 дар вақти изофӣ ба фоидаи испаниҳо поён расид. Ин бозӣ аз рӯйи серголӣ дар таърихи Чемпионати Аврупо дуюмин гардид ва тими миллии Испания аввалин дастаи миллӣ дар таърихи Евро гардид, ки дар як бозӣ якбора панҷ футболбози мухталиф
гол ба самар расонидааст.

Дар бозии дуюми рӯз мунтахаби Фаронса бо тими миллии Швейтсария вохӯрд. Бозӣ дар "Варзишгоҳи Миллӣ"-и Бухарест (Руминия) баргузор шуд. Вақти асосӣ ва изофии бозӣ бо ҳисоби 3:3 хотима ёфт. Дар силсила зарбаҳои пеналтӣ Швейтсария  бо ҳисоби 5:4 зафар  ёфт. Дар ин вохӯрӣ ҳама чиз буд: аввал дигарон пешсаф буданд, баъдан дигарон пеш баромаданд, пас аз он камбэк, қисмҳои шадиди изофӣ ва  силсилаи пеналтӣ. Швейтсарияҳо дар "лотереяи футбол" бахти баландтар доштанд. Дурусттараш  фаронсавиҳо бадбахт  буданд. Пеналтии тақдирсозро дар тими миллии Фаронса ситораи асосии он - Килиан Мбаппе ба самар расонида натавонист.
Ҳамин тариқ,  боз як ҷуфти чорякфиналии Евро-2020 маълум шуд: Швейтсария - Испания

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив