LIVE

Дания дарвозаи Уэлсро голборон намуд

Дар марҳилаи 1/8 финали чемпионати Аврупо-2020 дастаи мунтахаби Уэлс аз тими миллии Дания мағлуб шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Йохан Кройфи Амстердам баргузор шуд ва бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи тими миллии Дания хотима ёфт.
Голи аввалро дар дақиқаи 27-ум ҳамлагар Каспер Долберг ба дарвозаи Уэлс зад. Дар дақиқаи 48-ум Долберг дубл кард.
 Дар дақиқаи 89-ум Ҷоаким Мехле ҳисобро 3 бар 0 намуд. Брайтвайт голи чоруми даниягиро дар охири вохӯрӣ зад. 
Дар даври 1/4 ниҳоии мусобиқа Дания бо ғолиби ҷуфти Ҳолланд - Чехия бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив