LIVE

Месси бояд дар хизмати Мбаппе бошад

Николя Анелка, ситораи пешини тими миллии Фаронса бар ин назар аст, ки роҳбарии хати ҳамлаи “Пари Сен-Жермен” бояд дар дасти Килиан Мбаппе бошад.

Бино ба гузориши "Le Parisien” Мбаппе пас аз пайвастан ба ПСЖ дар соли 2017 ба яке аз ситораҳои асосии ин даста табдил ёфтааст ва ӯ тавонист бо пироҳани даста дар 180 бозӣ 136 гол занад, ки ин як омори ҷолиби диққат аст.

Чорто аз ин голҳо дар оғози мавсими 2021-22 зада шуда буданд, аммо ҳоло Мбаппе бояд диққати худро ба Неймар ва Лионел Месси, ки тобистони имсол ба "Парк де Пренс" аз "Барселона" ҳамчун агенти озод омадаанд.

“Бисёриҳо боварӣ доранд, ки Маурисио Почеттино бояд дастаи худро дар атрофи Месси ташкил кунад, то дар Лигаи 1-и Фаронса ва Лигаи Чемпионҳо ғолиб ояд. Аммо Анелка чунин мешуморад, ки Мбаппе сазовори ситораи асосии ПСЖ шудан аст. Мбаппе бояд раҳбари хатти ҳамла бошад, зеро ӯ беҳтарин аст", - гуфт ӯ ба Le Parisien. Месси дар Барселона буд, аммо ҳоло ӯ бояд ба Мбаппе хидмат кунад. Вай панҷ сол мешавад, ки дар клуб аст ва Месси бояд ин бозигарро эҳтиром кунад.

Дар бораи имкони интиқоли Мбаппе ба "Реал Мадрид" овозаҳо зиёданд. Вай аз ҷиҳати суръат як бозигари бузург аст, ҳеҷ кас дар ҷаҳон аз ӯ беҳтар нест", - гуфт Анелка. Агар ПСЖ мехоҳад беҳтарин даста дошта бошад, бояд тамоми кӯшишашро ба харҷ диҳад, то ӯро нигоҳ дорад. Аммо ман фикр мекунам, ки Мбаппе тасмими худро гирифтааст. Ӯ мехоҳад чизҳои дигарро таҷриба кунад. Орзуи ӯ соҳиби “Тӯби тиллоӣ” шудан аст ва чӣ гуна метавонад бо иштирок дар шашумин Лига дар рейтинги ФИФА ба ин орзуяш бирасад? Агар Мбаппе дар се соли охир дар Испания ё Англия бозӣ мекард, ӯ соҳиби" Тӯби тиллоӣ" мешуд.





Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив