LIVE

Неймар ҷойи Мбапперо дар "ПСЖ" танг кардааст

"ПСЖ" намехоҳад, ки ҳамлагар Килиан Мбаппе ба клуби дигар равад. Шартномаи ҳозираи фаронсавӣ бо парижиҳо тобистони соли 2022 ба итмом мерасад. Аммо "ПСЖ" омодааст, ки ба Мбаппа  маоши калон пешниҳод кунад, то ӯ  боқӣ бимонад. 

Роҳбарияти бошгоҳи фаронсавӣ омода аст, ки ба Мбаппе ба андозаи Неймар пардохт кунад, менависад Marca. Килиан шубҳа дорад, ки ӯ бояд дар ПСЖ бимонад. Вай эҳсос мекунад, ки орзуҳои худро дар ин даста амалӣ карда наметавонад ва бовар дорад, ки вақти рафтан фаро расидааст. Мбаппе дар ин бора ба роҳбарияти "ПСЖ" гуфт. "Реал" умедвор аст, ки тобистони имсол бо фаронсавӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад. Мбаппе мехоҳад, ситораи асосии даста шавад ва инро дар "ПСЖ", ки дар паҳлӯи ӯ Неймар бозӣ мекунад, эҳсос намекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив