LIVE

Мбаппе назди «ПСЖ» шарт гузошт

Ояндаи Килиан Мбаппе дар «Пари Сен-Жермен» то ҳол норӯшан аст. Ҳамлагари боистеъдоди фаронсавӣ омодааст бо дастаи парижӣ шартнома бандад, ба шарте ки дар шартномаи ояндааш нарх ва гузаришашро ба дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” муайян намояд, дар ин бора Marca хабар медиҳад.

Дар қонунҳои дастаи парижӣ ин гуна пешниҳодҳо амалинашавандаанд ва ягона роҳ шартномаи шифоҳии байнии онҳо мебошад. Килиан намехоҳад бо низоъ аз дастаи «Пари Сен-Жермен»  ҷудо шавад, чунки муносибати хуби бошгоҳро нисбаташ қадр мекунад. 

Пештар ВАО хабар дода буданд, ки Мбаппе намехоҳад бо «ПСЖ» шартномаашро тамдид кунад.  Шартномаи бозигар тобистони соли оянда ба итмом мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив