LIVE

Боз як топ дастаи дигар низ хостори Холанд шуд

«ПСЖ» ҳамлавари дастаи «Боруссия» - Эрлинг Холандро ба хотири боз ҳам қавӣ сохтани хати ҳуҷуми хеш дар мавсими оянда ба даст оварданд мехоҳад.  
Ба иттилои Marca парижиҳо мақсад доранд, ки қабл аз рафтани се форварди асосӣ: Кавани, Килиан Мбаппе ва Неймар ҷойгузини онҳоро пайдо кунанд. 
Қарордоди Мбаппе соли 2022 ба охир мерасад ва ӯ бо дастаи парижӣ шартномаашро тамдид кардан намехоҳад. Неймар бошад, мақсади гузариш ба дастаи собиқи худ “Барса”-ро дорад. Эдинсон Кавани тобистон футболбози озод мешавад, зеро даста бо ӯ созишномаи нав бастан намехоҳад. 
Ба ҳамин хотир Холанд метавонад яке аз ин ҳамлагаронро дар дастаи «ПСЖ» иваз кунад. 
Ба Эрлинг Холанд дастаи “Реал” низ таваҷҷуҳ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив