Бо бозии мунтахабҳои футболи Хорватия - Марокаш ва Фаронса - Аргентина Ҷемпионати Ҷаҳон дар Қатар расман ба охир мерасад.
Бозии финалӣ дар варзишгоҳи «Лусаил» доир мешавад, ки барои ҷоизаи пурнуфузи футболӣ Фаронса бар муқобили Аргентина бозӣ мекунанд.
Мбаппе бо ҳамроҳии ҳамдастаҳои худ талош мекунад, то унвони қаҳрамонии худро ҳимоя кунанд. Ин корро дар таърихи футбол танҳо ду мунтахаб – Италия (1934 ва 1938) ва Бразилия (1958 ва 1962) кардаанд.
Месси бошад, дар талоши ба даст овардани аввалин унвони қаҳрамонӣ аст. Мунтахаби Аргентина бори охир соли 1986 дар Ҷоми ҷаҳонии футбол пирӯз шуда буд ва он дастовард бо муборизаи бузурги Диего Марадона ба даст омадааст. Оё Лионел Месси метавонад то охир ин роҳро пеш гирад ва Ҷоми ҷаҳониро болои сар бардорад?.
