LIVE

Модрич: Ба Месси дар финал барор мехоҳам. Ӯ бузург аст

 Нимҳимоятгар ва капитани тими миллии Хорватия Лука Модрич пас аз бозии 1/2 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо Аргентина (0:3) ба ҳамлагар - Лионел Месси дар финал барор таманно кард.

«Умедворам, ки Месси дар Ҷоми Ҷаҳон пирӯз мешавад. Ба ӯ дар финал барори кор орзумандам. Дар ӯ як бузургие ҳаст», — иқрор шудааст Модрич.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон - 2022 дар Қатар тими миллии Аргентина бо ғолиби ҷуфти Фаронса – Марокаш, бозӣ мекунад. 
Мунтахаби Хорватия барои ҷойи севум, рӯзи 17-уми декабр бозӣ мекунад. Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар 18-уми декабр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив