Дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Бразилия, ки рӯзи душанбе, 5-уми декабр, дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар рақибонашонро мағлуб карданд, ба чорякфинали мусобиқот роҳ ёфтанд.
Рӯзи 5-уми декабр ду бозии даври 1/8 ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон баргузор шуд.
Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Хорватия бозии пуршиддат анҷом дода, ба нахустин замони изофа дар ин Ҷоми ҷаҳонии футбол расиданд. Аммо дар онҷо ҳам ғолиб муайян нашуд, ҳисоби мусовии 1:1 тағйир наёфт. Бинобар ин силсилаи пеналтӣ таъйин гардид. Маълум шуд, ки асаби хорватҳо мустаҳкамтар ва маҳораташон дар задани тӯб аз ҷаримаи 11-метрӣ хубтар аст, аз ин рӯ онҳо бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада, пеш рафтанд.
Боз як тими қораи Осиё – Кореяи Ҷанубӣ бо мунтахаби Бразилия вохӯрд. Ин даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар чорякфинал маҳрум шуд. Бразилиҳо дар нимаи аввал ҳарифро голборон карда, пас аз танаффус ором шуданд. Куриёиҳо ба чаҳор голи бразилиҳо тавонистанд танҳо бо як гол посух бидиҳанд. Ин шикасти харобиовар роҳи тими Кореяро ба даври чорякниҳоӣ баст. Зимнан, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ охирин дастае аз қораи Осиё буд, ки аз ҳаққи ширкат дар чорякфинали мусобиқот маҳрум шуд.
Ҳамакнун мунтахаби Хорватия бо тими Бразилия дар чорякфинали мусобиқот рӯзи 9-уми декабр бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали плей-офф – 3-юми декабр - ба даври баъдӣ дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Аргентина, ки аввалин ҷуфти чорякфиналиро ташкил доданд, роҳхат гирифтанд. Дар даври чорякниҳоӣ Нидерланд бо Аргентина 9-уми декабр ва Фаронса бо Англия 10-уми декабр бозӣ хоҳанд кард.