LIVE

9 дастаи иштирокчии ЧҶ-2022 муайян шуданд

Пас аз ҷамъбасти бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, ки рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд, боз се тими дигар роҳхати марҳилаи финалии ЧҶ-2022-ро ба даст овард. Хорватия, Сербия ва Испания муборизаро идома медиҳанд.  

Мунтахаби Хорватия Русияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва дар гурӯҳи худ ҷои 1-умро гирифт. Сербия дар бозӣ бо Португалия (2:1) пирӯзӣ ба даст оварда, ба марҳилаи баъдӣ баромад. Испания бар Шветсия бо ҳисоби минималӣ (1:0) ғалаба кард ва  дар ҷои 1-ум боқӣ монд.

Аз гурӯҳҳои номбаршуда дастаҳои мунтахаби Русия, Португалия ва Шветсия бозиҳои гузаришӣ доир мекунанд.

Аллакай 9 дастае маълум аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 ширкат хоҳанд кард. Қатар ба унвони мизбон иштирок мекунад.  Дастаи мунтахаби Бразилия пеш аз муҳлат  роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонро кафолат дод. Дар сабқати интихобии қораи Аврупо Олмон, Дания, Фаронса, Белгия, Хорватия, Сербистон ва Испания дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро касб кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив