LIVE

Натиҷаи бозиҳои баргузоршудаи марҳилаи интихобии ҶҶ-2022

Дар даври сеюми марҳилаи интихобии ҶҶ-2022 дар қораи Аврупо бозиҳо пуршиддат ҷараён гирифтанд. Аз ҳама бозиҳое, ки боиси диққати ҳама дӯстдорони футбол гардид, ин бо ҳисоби бузурги 8-0 мағлуб гаштани тими мунтахаби Белорус аз Белгия ва мағлуб гардидани мунтахаби Гибралтар аз Ҳоланд бо ҳисоби бузурги 0-7 буд. Ҳамчунин ҳамлагари машҳури тими мунтахаби Роналду бо задани як гол ба дарвозаи мунтахаби Люксембург фосилаи рекордии ҷаҳониро бо задани бештари гол барои мунтахаб ба Алӣ Доеъии эронӣ наздик намуд. Ҳамчунин, туркҳо дар хонаи худ бар мунтахаби Латвия натавонистанд баъди натиҷаи 3-1 то дақиқаи 57-ум, ғолиб оянд.

Натиҷаи бозиҳои ин давр дар шоми 30 март чунин буд:

Кипр 1- 0 Словения;

Туркия 3 – 3 Латвия;

Белгия 8 – 0 Белорус;

Гибралтар 0 – 7 Ҳоланд;

Хорватия 3 – 0 Малта;

Озарбойҷон 1 – 2 Сербистон;

Люксембург 1 – 3 Португалия;

Уэлс 1 – 0 Чехия;

Черногория 0 – 1 Норвегия;

Словакия 2 – 1 Россия.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив