LIVE

Боз як намояндаи Осиё ба марҳилаи Плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфт.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Португалия дар бозии даври 3-юми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар бо ҳам вохӯрданд.

Бозӣ дар варзишгоҳи "Eduction City" дар Ар Райён баргузор шуд, ки дорои 44667 ҷой нишаст мебошад.  Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи намояндаи Осиё анҷом ёфт. Рикардо Орта дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Ким Юн Квон дар миёнаи аввали бозӣ ҳисобро баробар кард.

Юн Квон тӯбро ба кунҷи поёни дарвоза равона карда, таносубро барқарор намуд. Дар дақиқаи аввали иловагӣ Сон Хин Мин бо ҳамдастааш Хван Хи Чан кӯмак намуд то ба задани голи ғалабаовард жаст биёбад. Баъд аз ин ғалаба Корея бо 4 хол ба марҳилаи плей-оф баромад. 

Эҳтимол меравад, ки Кореяи Ҷанубӣ дар муқобили Бразилия дар даври 1/8 ниҳоӣ бозӣ мекунад. Агар Бразилия дар гурӯҳи хеш мақоми аввалро ишғол намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив