LIVE

Голи Каземиро ғалабаи дуюми Бразилияро дар Ҷоми Ҷаҳон таъмин кард

Бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуд, ки дар он дастаҳои Бразилия ва Швейтсария бозӣ карданд. 

Дастаҳо дар варзишгоҳи шаҳри Доҳа вохӯрданд. Нимаи аввали вохӯрӣ бо бартарии футболбозони мунтахаби Бразилия анҷом ёфт.

 Дар дақиқаи 64-ум Винисиус голзанӣ кард, аммо пас аз тафтиши такрорӣ, голи задашуда ба далели офсайд бекор карда шуд. 

Каземиро бо зарбаи зебо  тӯбро ба дарвозаи Швейтсария ирсол намуда, ғалабаи дуюми дастаашро дар ин мусобиқа таъмин кард. 

Дар натиҷаи ин бозӣ Бразилия 6 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи “G” мақоми аввалро ишғол кард, ки ин гол мунтахаби Бразилияро ба ба плей-оффи мусобиқа бурд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив