LIVE

Голи Депай ва Думфрис ғалабаи дуюми ҳоландиҳоро таъмин кард

Дар бозии даври дуюми гурӯҳии Чемпионати Аврупо-2020 тими миллии Недерландия бо мунтахаби Австрия рақобат кард. Бозии мазкур дар варзишгоҳи ба номи  "Йохан Кройф" -и шаҳри Амстердам баргузор шуд ва бо пирӯзии соҳибони майдон бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расид. Голи аввалинро дар дақиқаи 10-ум ҳамлагар Мемфис Депай ба ҳадаф расонид, ки пеналтиро бидуни иштибоҳ иҷро кард.  Дар дақиқаи 67-ум Дензел Думфрис голи дуюми ҳоландиҳоро дар номи худ муҳр зад. Мунтахаби Нидерландия дар Ҷоми Аврупо-2020 дуюмин ғалабаи худро ба даст овард ва дар гурҳҳи худ мақоми аввалро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив