LIVE

Ғалабаи Нидерландия дар бозии драмавии Евро-2020

Дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии Евро-2020 тимҳои миллии Нидерландия ва Украина бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Йохан Круифф Арена»-и шаҳри Амстердам баргузор шуда, бо натиҷаи 3:2 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Аввалин шуда, дар бозии мазкур ҳолландиҳо ба кушодани бозӣ даст ёфтанд. Дар дақиқаи 52-юм Жоржинйо Вейналдум ба мизбонон умед бахшид. 7 дақиқа баъд Ваутер Вегорст натиҷаро 2:0 кард. Ҳамин ҳисоб то дақиқаи 75-ум идома намуд. Дар 4 дақиқа украиниҳо ба ғазаб омада, дарвозани мизбононро ду бор рахна намуданд. Қариб буд, ки дар ин вохӯрӣ камбэк ба қайд гирифта шавад, вале дар дақиқаи 85-уми нерусанҷӣ Дензел Дюмфрис голи пирӯзиовари ҳолландиҳоро ба самар расонида, пирӯзии мунтахабашро дар Евро-2020 таъмин кард. Маврид ба ёдоварист, ки қаблан дар гурӯҳи “С” тимҳои миллии Австрия ва Македонияи Шимолӣ рақобат намуданд, ки дар ин бозӣ Австрия  бо натиҷаи 3:1 пирӯзӣ ба даст овард.

Евро-2020
Гурӯҳи С
Даври 1-ум
Голландия — Украина — 3:2 (0:0)
Голҳо: Вейналдум, 52 (1:0). Вегхорст, 59 (2:0). Ярмоленко, 75 (2:1). Яремчук, 79 (2:2). Дюмфрис, 85 (3:2).
Австрия — Македонияи Шимолӣ — 3:1 (1:1)
Голҳо: Лайнер, 18 (1:0). Пандев, 28 (1:1). Грегорич, 78 (2:1). Арнаутович, 89 (3:1).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив