LIVE

"ПСЖ" аз “Монако” шикаст хурд

“Монако” дар даври 11-уми чемпионати Фаронса дар майдони худ “Пари Сен-Жермен”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Луи II" -и Монако баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Парижиҳо ҳисобро баъди иҷрои зарбаи ҳадафраси Килиан Мбаппа кушоданд. Пас аз 12 дақиқа ин ҳамлагари фаронсавӣ пеналтиро ба гол табдил дода, дублро марбути номи худ кард. Дар нимаи дуввуми рақобат “Монако” рафти вохӯриро тағйир дод. Дар дақиқаи 52-юми бозӣ Кевин Фолланд имкон ёфт, ки тӯбро ба дарвозаи меҳмонон ворид созад. Дар дақиқаи 66-уми рақобат, Волланд голи дуюмро зада, ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 83-юм ҳимоятгари “Пари Сен-Жермен” - Абду Диалло дар ҷаримагоҳи тими худ корти сурх гирифту довар пеналтӣ таъин кард ва Сеск Фабрегас бо иҷрои он голи пирӯзиоварро ба ҳадаф расонид. Баъд аз ин ғалаба “Монако” 20 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали Лигаи 1-ум дуввум шуд. “ПСЖ” бошад, 24 хол дорад ва мақоми аввалро ишғол мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив