LIVE

"Милан" рекорди соли 1959 гузоштаашро тағйир дод

Дар бозии даври 5-уми Серияи А-и Италия “Милан” дар майдони худ “Рома”-ро қабул кард. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Сан-Сиро баргузор шуд ва бо натиҷаи мусовии  3:3 анҷом ёфт. Ҳамлагари “Милан” - Златан Иброҳимович ҳисобро аллакай дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ боз кард. Дар дақиқаи 14-ум ҳамлагари "Рома" Эдин Ҷеко ҳисобро баробар кард. Дар оғози қисми дуввум дар дақиқаи 47-ум ҳимоятгар Алексис Салимакерс бори дигар мизбононро аз рӯи ҳисоб ба пеш баровард. Дар дақиқаи 71-уми рақобат довари асосии бозӣ ҷониби дарвозаи “Милан” зарбаи пеналтӣ таъин кард, ки онро нимҳимоятгари “Рома” Ҷордан Верету ба гол табдил дод. Пас аз 8 дақиқа довар ин навбат ҷониби дарвозаи “Рома”  пеналтӣ таъин кард, ки Иброҳимович бо иҷрои ин зарба дублро марбути номи худ гардонид. Дар дақиқаи 84-ум ҳимоятгари бошгоҳи шаҳри “Рим” - Мараш Кумбула бо голи задаи хеш дигарбора ҳисобро баробар кард. “Милан” 13 хол ба даст овард ва дар ҷадвали чемпионати Италия дар ҷои 1-ум қарор дорад. Бо ин нишондод “Милан” рекорди нав гузошт. Шогирдони Стефано Пиоли дар 11 бозии хеш охири пайдарҳам ду ва аз он бештар гол задаанд, ки чунин натиҷа сар аз соли 1959 бори аввал ба қайд гирифта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив