LIVE

Корея аз Ҷоми Ҷаҳон даст кашид

Тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА-2022 дар минтақаи Осиё, ки моҳи июн дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора Ассотсиатсияи футболи ин кишвар изҳорот додааст. Сабаби даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз ин мусобиқа бемории коронавирус мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2022 дар гурӯҳи “Н” мебоист бо тимҳои Туркманистон, Лубнон, Шри-Ланка ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат кунад. Кореяи Ҷанубӣ ба ҳайси кишвари мизбон барои бозиҳои боқимондаи гурӯҳи H интихоб шудааст. Тими миллии Кореяи Ҷанубӣ 3 июн бо Туркманистон, 7 июн Кореяи Шимолӣ, 11 июн Шри-Ланка, 15 июн Лубнон бозӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ки Конфедератсияи футболи Осиё аз Пхенян хоҳиш кунад, ки тасмими худро бознигарӣ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив