LIVE

Лубнон дар иҳотаи ду Корея

Тиме, ки бештар аз ҳама шарафи Осиёро дар Чемпионатҳои ҷаҳон ҳимоя кардааст-Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳи хеш пешсаф аст. Аммо бозии шогирдони Паулу Бенту мухлисони дастаро қонеъ карда наметавонад. 6 имтиёз дар бозӣ бо ду тими камбаҳои гурӯҳ ва мусовиҳои бе рангу бенур бо Кореяи Шимолӣ ва Лубнон он бозие, нест ки устувортарин дастаи Осиёро қонеъ гардонад. Таносуби беҳтари тӯбҳо боис бар он шудааст, ки дастаи Лубнон дар миёни ду тими Корея мавқеъ касб кунад. Дастаи дигари минтақа Туркманистон ҳоло бо 6 хол зинаи 4-умро ишғол мекунад. Мисли гурӯҳҳои дигар ин ҷо ҳам як дастаи камбаҳо дида мешавад. Дастаи мунтахаби Шри Ланка бе ягон натиҷаи қобили мулоҳиза дар таҳхонаи гурӯҳ ҷойгир аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив