LIVE

Мунтахаби Белгия бо Хорватия мусовӣ кард ва тарки Қатар намуд

Мунтахаби Белгия дар бозии даври 3-юми Ҷоми ҷаҳонии футбол бар муқобили тими миллии Хорватия мусовӣ 0:0 бозӣ кард ва тарки мусобиқа намуд.

Ин натиҷа мунтахаби Белгияро аз роҳхат ба плей-оффи мусобиқот маҳрум кард.

Қаблан мунтахаби Белгия дар даври 1-уми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бар тими Канада (1:0) ғалаба намуда, аз Марокаш (0:2) шикаст хӯрда буд.

Дар маҷмӯъ, Белгия чаҳор имтиёз, Хорватия – панҷ ва Марокаш – шаш имтиёз ба даст овардаанд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Белгия дар гурӯҳ мақоми севумро гирифт ва натавонист ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳон роҳ ёбад.

Бори охир тими Белгия дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1998 дар Фаронса аз гурӯҳ берун нашуда буд.

Натиҷаи беҳтарини даста дар таърих медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив