LIVE

Мбаппе аввалин футболбоз дар таърих аст, ки дар ҶҶ то 24-солагӣ 9 гол дорад

Килиан Мбаппе аввалин футболбоз дар таърих аст, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол то 24-солагӣ ба задани 9 гол даст ёфт.

Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёнии Фаронса бо Полша бо ҳисоби 3:1 ба анҷом расид.

Дар қисми аввали бозӣ, Жиру ҳисобро боз намуд.

Дар нимаи дуюми вохӯрӣ, ҳамлагар Килиан Мбаппе ду гол ба ҳадаф расонид.

Ҳамлагар дар таърих аввалин бозигаре шуд, ки то расидан ба синни 24-солагӣ дар Ҷоми Ҷаҳон 9 гол задааст.

Мбаппе аллакай дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар 5 зад. Ба ҷуз аз тими миллии Лаҳистон Мбаппе ба дарвозаҳои мунтахабҳои Австралия ва Дания низ голзанӣ намуда буд.

Роберт Левандовски дар дақиқаҳои охири иловагӣ тавассути пеналти як гол ба дарвозаи фароснавиҳо зад.

Пирӯзӣ бар Полша, имкон медиҳад, ки тими миллии Фаронса дар марҳилаи 1/4 финал бо ғолиби ҷуфти Англия – Сенегал бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив