LIVE

Килиан Мбаппе дар тими миллии Фаронса рекорд гузошт

Ҳамлагар Килиан Мбаппе барои тими миллии Фаронса рекорд гузошт.  Дар бозии дӯстона бо тими миллии Африқои Ҷанубӣ ӯ дублро ба қайд гирифт. Бино ба гузоришҳо, Мбаппе аввалин футболбози фаронсавӣ дар асри 21 шуд, ки дар панҷ бозӣ пай дар пай дар ҳайати тими миллӣ ҳадди ақал ду гол задааст. Ёдовар мешавем, ки тими Фаронса дар бозии дӯстона Африқои ҷанубиро шикаст дод. Вохӯрӣ дар Фаронса баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфт.
Мбаппе аз соли 2017 дар тими миллии Фаронса бозӣ мекунад. Дар ин муддат ҳамлагари фаронсавӣ дар 53 бозӣ ширкат карда, 24 гол задааст. Вай дар ҳайати даста дар соли 2018 дар бозии ҳалкунандаи ин мусобиқа бар тими миллии Хорватия пирӯз шуда, барандаи Ҷоми ҷаҳон шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив