LIVE

Рекорди инфиродии Мбаппе дар мунтахаби Фаронса

Ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе барои аввалин бор дар тӯли фаъолияти худ дар чаҳор бозӣ пай дар пай гол зад.

Ҳамлагар дар бозӣ бо Финландия (2:0) ва Қазоқистон (8:0) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, инчунин дар вохӯриҳои Лигаи миллатҳо бо Испания (2:1) ва Белгия (3:2) ба задани гол даст ёфтааст. 

Мбаппеи 22-сола аз соли 2017 дар тими миллии Фаронса бозӣ мекунад. Дар маҷмуъ ӯ дар ҳайати тими миллии Фаронса 53 бозӣ анҷом дода, 24 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив