LIVE

Н'Голо Канте тарки мунтахаби Фаронса кард

Нимҳимоятгари "Челси" Н'Голо Канте дар ду бозии навбатии мунтахаби Фаронса дар рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон Қатар - 2022 бо иллати латхӯрӣ ба майдон намебарояд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Фаронса  дар бозӣ бо тими миллии Украина (1:1) Канте дардро дар рони пояш эҳсос мекунад. Ташхис маълум намудааст, ки футболбоз каме осеб гирифтааст. Аз ин сабаб Н'Голо маҷбур шуд то ҳайати мунтахаби кишварашро тарк намуда, ба “Челси” баргардад. Сармураббии мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам ба ҷои Канте касеро даъват намекунад.  Тими миллии Фаронса рӯзи 28-уми март дар меҳмонӣ бо тими миллии Қазоқистон бозӣ мекунад ва рӯзи 31-уми март бо тими Босния ва Гертсеговиния вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив