LIVE

Голи баҳсбарангези Мбаппе ба Фаронса пирӯзӣ овард

Дар бозии ниҳоии Лигаи миллатҳои УЕФА мунтахаби Фаронса бар тими миллии Испания ғалаба кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Милан (Италия) баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 64 -ум ҳамлагари Испания Микел Оярзабал ҳисобро боз кард. Пас аз ду дақиқа Карим Бензема, ки тӯбро аз Килиан Мбаппе қабул кард, кунҷи дурро нишон гирифт ва ҳисоб 1 бар 1 гардид. 
Дар дақиқаи 81 -ум Килиан Мбаппе дастаи худро ба пеш баровард.  Голи Мбаппе  баҳси зиёдеро ба миён гузошт, ки аксари бозигарон онро офсайд шуморидан, аммо довар голро ба қайд гирифт ва Фаронса  барандаи Ҷоми миллатҳо гардид. 
Дар даври ниманиҳоии мусобиқа тими миллии Испания бар Италия пирӯз шуд (2:1) ва Фаронса дар бозӣ бо Белгия (3:2) ғалаба карда буд.
Фаронса дувумин мунтахабе гардид, ки барандаи Лигаи Миллатҳо дар таърих шуд. Аввалин ҷомро тими миллии Португалия ба даст оварда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив